Дар 44 дарсади мактабҳои Ӯзбекистон дарсҳои анъанавӣ ба роҳ андохта шуд

Дар 44 дарсади мактабҳои Ӯзбекистон дарсҳои анъанавӣ ба роҳ андохта шуд


То ба имрӯз 4 379 мактаби Ӯзбекистон фаъолияти худро бо дарсҳои анъанавӣ оғоз кард. 1,5 миллион нафар донишомӯз барои дарсхонӣ ба ин мактабҳо мераванд. 595 ҳазор нафан донишомӯз дар дарсҳои онлайн иштирок мекунанд.
Дар ин бора вазорати таълими халқ хабар дод.
Шабакаҳои телевизионӣ пахши дарсҳои онлайнро комилан ба роҳ андохтаанд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории дарсҳои анъанавӣ дар мактабҳо ба омодагии онҳо, вазъияти эпидемиологӣ ва санитарӣ ва мубтало будан ё набудани омӯзгорон вобаста аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ