10 дарсади довталабоне, ки имсол донишҷӯ мешаванд, дар донишгоҳҳои хусусӣ таҳсил мегиранд


Шавкат Хӯҷақулов, котиби матбуотии инспексияи таълими Ӯзбекистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки имсол 10 дарсади донишҷӯёни соли якум дар донишгоҳҳои хусусӣ таҳсил мегиранд.
Соли ҷорӣ тақрибан 28 дарсади донишомӯзоне, ки мактабро хатм карданд, донишҷӯ хоҳанд шуд.
Ҳукумат нақша дорад, ки то соли 2030 бо рушди шарикии бахши хусусӣ ва давлатӣ дар заминаи таълим ва таъсиси донишгоҳҳои нави хусусиву давлатӣ ин оморро (статистика) ба 50 дарсад расонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ