Мумкин аст байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳҳои нави нақлиётӣ боз шаванд. Масъулони ду кишвар ин масъаларо баррасӣ карданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини аввали вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов дар Душанбе мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи робитаҳои нақлиётӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар мулоқот масъалаҳои афзоиши гардиши мусофирбар ва бор дар байни ду кишвари дӯст ва бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ