Чин дар маҳсулоти консерви Русия коронавирусро кашф кард

Чин дар маҳсулоти консерви Русия коронавирусро кашф кард

  • Post category:Саломатӣ


Дар консерви калмар, ки Русия ба Чин экспорт карда буд, коронавирус кашф шуд. Дар ин бора оҷонсии “Синхуа” хабар дод. Ин маҳсулот дар маркази профилактикаи бемориҳои шаҳри Чанчун бори дигар озмоиш шуд ва ин бор низ натиҷа мусбат буд.
Гуфта мешавад, ки 10 кило аз ин маҳсулот ба шаҳри Фуюй фиристода шудааст. Ҳар касе, ки консерви калмари Русияро харид кардаст, барои ташхиси коронавируст тест хоҳанд супурд.
Чанде пеш дар консерви харчанг, ки аз Эквадор ба Чин экспорт шуда буд, низ зарраҳои коронавирус кашф шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ