Дар “дараҷаи сурх”-и хатари коронавирус эълон шуд


Рӯзи 20 сентябр дар Эрон 3341 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд, ки ин шумор аз оғози моҳи июн то ба имрӯз натиҷаи “рекордӣ” мебошад. Дар ин бора хабаргузории Тасним хабар дод.
То ба имрӯз шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Эрон ба 425 481 нафар расида ва 24 478 нафар қурбони коронавирус шудаанд.
Ҳукумати Эрон дар пайи афзоиши рӯзонаи ҳолатҳои нави сироят дар кишвар “сатҳи сурх”-и хатари коронавирусро эълон кард. Қоидаҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ барои эрониён дубора қатъиву сахт шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ