Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркманистон даври навбатии машваратҳои сиёсиро баргузор карданд

Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркманистон даври навбатии машваратҳои сиёсиро баргузор карданд

  • Post category:Асосӣ

21-уми сентябри соли 2020, даври навбатии машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Ҳайатҳоро вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов сарварӣ карданд.
Дар ҷараёни музокирот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, идоракунии об, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муфассал баррасӣ шуданд.
Тавре зикр гардид, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии роҳбарони ду кишвар муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ба сатҳи сифатан нав баромада, хусусияти собитқадамона афзоянда пайдо карданд.
Ғайр аз он, ҷонибҳо дар бораи талошҳои муштарак оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус ва кам кардани таъсири пандемия ба ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳам фикр иваз карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ