Имрӯз одамон бештар чӣ мехоҳанд ва аз чӣ метарсанд?


Ба муносибати 75-солагии Созмони милали муттаҳид мутахассисони ин созмон як назарпурсии иҷтимоӣ баргузор карданд. Дар ин назарпурсӣ беш аз 1 миллион нафар аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон иштирок карданд.
Ин натиҷаҳои тадқиқот бо номи “СММ 75: Ояндае, ки мехоҳем, созмоне, ки ба он эҳтиёҷ дорем” рӯзи 21 сентябр мунташир шуд. Мутахассисон барои муайян кардани хоҳишу тарси асосии одамон аз ҳукумати худ ва созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш карданд.
Натиҷаҳо нишон дод, ки одамони рӯи замин беш аз ҳама мехоҳанд, то соҳаи тандурустӣ, оби тозаи ошомиданӣ, воситаҳои гигиена ва имкони таҳсил гирифтан барояшон дастрас бошад.
Беш аз 300 ҳазор нафар ба соҳаи тандурустӣ бештар таваҷҷӯҳ кардаанд. 72 дарсади иштироккунандагони назарпурсӣ мехоҳанд, ки ин соҳа дар оянда ҳадди ақал дар сатҳи имрӯза боқӣ монад, ё беҳтар шавад.
Ҳамчунин, аксарият “ночорӣ, нобаробарӣ ва аз байн бурдани бекорӣ”-ро мақсадҳои устувор номбар кардаанд. Барои ҳама яксон будани имконияти таҳсил ва баробарҳуқуқии бонувон низ ҳамчун аз мақсадҳои асосӣ дар оянда таъкид гардидааст.
Одамон тарсҳои асосии худро низ ошкор кардаанд, ки он тарсҳо ҳаминҳоянд:
Тағйири иқлим. 49 дарсади назаргӯён чунин мешуморанд, ки вазъияти экологии сайёра боиси нигарониву хавотир аст.
Фасод (коррупция). Ба назари 41 дарсад вазъияти вобаста ба фасод рӯз то рӯз бадтар мегардад.
Ночорӣ ва низоҳои байналмилалӣ низ имрӯз аз тарсҳои асосии аҳли башар будааст.
Антониу Гутерриш, саркотиби СММ дар маҷлиси ассамблеяи умумӣ таъкид кард, ки бароварда кардани орзуҳои одамон вазифаи ҳукуматҳо аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ