350 сар фили африқоӣ – нахустин қурбониёни гармшавии иқлим

350 сар фили африқоӣ – нахустин қурбониёни гармшавии иқлим

  • Post category:Ҷаҳон


Дар кишвари Ботсванаи Африқо дар чанд моҳи охир 350 сар фил мурд. Олимон таъкид мекунанд, ки ин филҳо нахустин қурбонии гармшавии иқлими сайёра мебошанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии МИР 24 хабар дод.
Олимон марги якбораи ин филҳоро фалокат хонданд. Ҷасади филҳо дар назди дарёву кӯлҳо пайдо шудааст. Сианобактерияҳо – микроорганизмҳое, ки беш аз ҳама дар об зиндагӣ мекунанд, боиси марги филҳо гардидааст. Ба фикри олимон, ин бактерияҳои марговар дар натиҷаи гармшавии ҷаҳонии ҳарорати ҳаво ба вуҷуд омадааст. Гармои беш аз ҳад барои рушду шукуфоии чандин навъи сианобактерияҳо – кушандаи олами ҳайвонот шароит месозад.
Бино ба маълумоти иқлимшиносон, ҳарорати ҳаво дар ҷануби Африқо нисбат ба дигар гӯшаҳои сайёра ду баробар тезтар баланд мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ