Роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 16-уми октябр нишаст баргузор мекунанд

Роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 16-уми октябр нишаст баргузор мекунанд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси навбатии вакилони Шӯрои намояндагони доимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Намояндагони доимии Иттиҳод омодагиро ба тадбирҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки рӯзҳои 15-ум ва 16-уми октябр дар шакли видеоконфронс баргузор мешаванд, баррасӣ карданд.
Намояндагони доимӣ иттилоотро дар бораи саҳми амалии ташкилотҳои асосие, ки дар доираи ИДМ таъсис ёфтаанд, инчунин шӯроҳои дар назди онҳо таъсисёфта дар рушди муносибатҳои Иттиҳод шуниданд ва муҳокима карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ