Андешаҳо дар бораи қабули сайёр

Андешаҳо дар бораи қабули сайёр

  • Post category:Ҷаҳон

Қабули навбатии сайёри ҳокими вилоят Э. Турдимов рӯзи 19-уми сентябр дар ноҳияи Пастдарғам баргузор гардид. Дар давоми қабул беш аз 450 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба роҳбарони секторҳои вилоят муроҷиат карданд.
Мувофиқи таҳлилҳо, асосан бо масъалаҳои таъминот бо хонаву ҷой, ёрии моддӣ, кӯмак, табобат ва оби нӯшиданӣ муроҷиат шудааст. Дар ҷустуҷӯйи кор, инчунин аз сифати хизматҳои интернет норозӣ будагон ҳам ба қабули ҳокими вилоят омадаанд. Албатта, барои баррасии ҳар як муроҷиат ва қабул кардани қарори зарурӣ ба мутасаддиён супоришҳои аниқ дода шуданд.
Оё нақша аниқ ва муддатнок нест?
Ин ҷо андешае одамро ором намегузорад: дар ҳар як қабули сайёр даҳҳо муроҷиатҳо роҷеъ ба иваз кардани симчӯбҳои кӯҳнашудаи шабакаҳои электрро ба наву замонавиаш ба қайд гирифта мешаванд. Чаро мутасаддиён дар ин самт нақшаи муайян таҳия карда, намегӯянд, ки соли равон дар мана ин маҳаллаҳои фалон ноҳия симчӯбҳо ба наваш иваз карда мешаванд. Ин ахборро ба доираи васеи ҷамоатчигӣ намерасонанд. Агар дар чунин ахбор соли оянда ин корро дар фалон мавзеъ амалӣ мешаванд гӯянд, шояд мутасаддиён дар қабул вақтро беҳуда сарф намекарданд? Агар аз имкониятҳои мавҷуда баромада гӯянд, ки иваз кардани симчӯбҳои кӯҳнаро дар соли 20… ба анҷом мерасонем, одамон ҳам вақти ҳокими вилоятро шояд беҳуда намегирифтанду вай ба ҷойи шунидани муроҷиат машғули назорат мешуд?!
Аслан, дар натиҷаи қабулҳо ҳеҷ набошад, нақшаи чораҳои алоҳида роҷеъ ба ноҳия таҳия гардида, дар ҳар соҳа нақшаҳои муайян ва муддатнок бошад, мувофиқи мақсад мешуд.
Хизматчии давлат ба халқ хизмат кунад
Қабули сайёр барои роҳбар ва масъулоне, ки худ­ро ҳурмат мекунанд ва андаке бошад ҳам, мушоҳида доранд, сабақи хуб шуд. Чунки ҳокими вилоят ҳангоми муроҷиатҳо дар бораи оби ошомиданӣ дар маҳалла ё ки масъалаи дигари манфиати аксариятро ифодакунанда раиси маҳалларо даъват карда, пурсид, ки аз муаммо ё ки масъала хабар дорад? Чаро дар ин масъала ба мутасаддиён ё ки роҳбарони секторҳои ноҳия муроҷиат накардааст.
Ҳокими вилоят, ки дар давоми қабули сайёр дарди шаҳрвандони ба ғавчӯбҳои бюрократӣ вохӯрдаро шунид, аз прокуратураи вилоят ба кори масъулон додани баҳои ҳуқуқиро пурсид. Хусусан, нисбати қариб 10 мутасаддии бемасъулияте, ки вазифаҳои лавозимии худро ба дараҷаи зарурӣ иҷро накардаанд, дидани чораҳои маъмурӣ таклиф карда шуд.
«Ба кор даромаданӣ будам…»
Дар қабули сайёре, ки дар ноҳияи Пастдарғам гузашт, чун дар дигар мавзеъҳо дар масъалаи ба кор даромадан муроҷиатҳо зиёд шуд.
Ҳокими вилоят аз рӯйи ин муроҷиатҳо ба идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ дод. Таъкид кард, ки ба кор қабул кардан адолатнок, аз ҳама муҳимаш, музди кор ба дараҷаи қаноатбахш бошад.
Ин ҷо як мулоҳизаро ёдрас мекунем. Ҳокими вилоят дар оғози сол ҳам ба муассисаҳои тиббиёт ҳангоми ба кор қабул кардани ходимон рӯ гардондан аз ставкаҳои кории 0,25-0,5 ва дар асоси навбат ба роҳ монданро қайд карда буд. Ин дафъа низ дар мисоли фаъолияти иттиҳодияи тиббии ноҳия ин масъала ба миён омад ва ба мутасаддиён супоришҳои аниқ дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ