Муаммои тирбандиро кӣ ҳал мекунад?

Муаммои тирбандиро кӣ ҳал мекунад?

  • Post category:Ҷамъият

Бояд қайд намуд, ки 2 –юми ноябри соли 2019 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» мақолаи «Пеши роҳи тирбандиро кӣ мегирад?» чоп шуда буд. Дар мақола асосан маданияти ронандагӣ, қоида ва қонунҳои ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии тирбандӣ ва ғайраҳо таҳлил шудабуд.
Ҳоло, пас аз сабук шудани қоидаҳои карантин шумораи нақлиёт бисёр гашта, сабаби тирбандии роҳҳо мешаванд. Дар натиҷа ҳолатҳои ноқулай ва сарфу хароҷоти зиёдатӣ ба вуҷуд омада, боиси дилхирагии мардум мегардад. Мисол, дар чорроҳаи кӯчаҳои Даҳбед ва Ибни Сино, чорроҳаи кӯчаи С. Айнӣ ва Мӯлиён, атрофи «Янги бозор», кӯчаи калони Ӯзбектракт, атрофи бозори қисмҳои эҳтиётӣ (Запчастбозор) доимо тирбанд аст. Ба ин чӣ сабаб мешавад? Аввал ин, ки баъзе ронандагон нақлиёти худро дар қатори якуми роҳ партофта меравад. Банд кардани қатори якум сабаби аввалини тирбандӣ мешаванд. Дуввум ин, ки аз набудани истгоҳи нақлиётҳо чунин ҳолатҳо сар мезанад. Саввум – аз беэътибории ходимони БҲР ва саривақт кор накардани чароғакҳои роҳаст.
Пӯшида нест, ки барои равону қулай ва талаби замон сохтани роҳу кӯчаҳо, ҳаракати хуби нақлиёт аз ҷониби давлатамон чӣ қадар саъйу кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Рӯз то рӯз кӯчаҳо калону васеъ, роҳҳо равону ҳамвор, роҳравҳо барои пиёдагардон ва нишонаҳои наву замонавӣ гузошта шуда истодаанд. Аммо баъзе ашхосон ба қадри ин намерасанд. Бояд донист, ки ба қадри ин неъматҳо расидан ва итоат намудан кори ҳар як фарди ҷамъият ба ҳисоб меравад.
Умед мекунем, ки дар рӯзҳои наздик барои пешгирии ин муаммо ва масъалаи муҳими рӯз роҳбарони мутасаддӣ чора меандешанд. Агар ронандагон низ ба маданияти ронандагӣ, қоидаҳои асосии бехавфӣ, ҳурмату иззати якдигар риоя кунанд, манфиати худро аз манфиати дигарон боло нагузоранд, чунин тирбандиҳо шояд барҳам хӯранд. Зеро дар ҷое, ки интизом аст, ҳатман пешравӣ мешавад.

Н.БОБОАҲМАДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ