Ашки модар

Ашки модар

  • Post category:Фарҳанг

Зане ба кӯча баромад. Ҳаво, ки гарм шуд, рӯймоли сарашро гирифта, ба он телефони худро печонида, ба рӯйи сумкааш гузошт. Пул лозим шуду аз ҳамёне, ки дар даруни сумка буд, гирифт. Дар ҳамин вақт телефон лағжида афтоду зан бехабар монд.
Ба хона баргашту харидҳои худро аз сумка баровард ва даруни рӯймолчаро холӣ дид. Зуд ба ҷойҳои рафта омадааш баргашта, кофт, лекин натиҷае нест.
Нолону гирён боз ба хона омад. Худро маломат карда, лаҷоми гиряро сар дод. Ашк ду бари рӯяшро мешӯст. Охир шавҳараш пурсад, чӣ мегӯяд?
Ҳамин вақт писараш – Саид аз дар даромада, ин аҳволи модарро диду ба ҳайрат афтод. Баъд модарро ором карда, аз асли воқеа хабардор гардид.
– Ман ҳозир ёфта меоям, – гӯён Саид зуд баромада рафт.
Фурсате нагузашта, ба ҷойи телефони 200-доллараи модар 250-доллараи онро харида омад.
– Мана модарҷон, ёфта омадам, – гӯён телефонро ба ӯ дод ва гуфт: – Ин телефон ба як қатраи ашки шумо баробар шуда наметавонад.

Шукруллохон ВАЛИЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ