Кашфиёти бузургтарини таърихӣ: Дар Миср даҳҳо саркофаги нав пайдо карданд

Кашфиёти бузургтарини таърихӣ: Дар Миср даҳҳо саркофаги нав пайдо карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Гурӯҳи бостоншиносон (археологҳо) дар назди шаҳри Қоҳираи Миср 27 дона саркофаги дафншударо пайдо карданд. Замнои дафн шудани онҳо 2500 сол пеш аст.
Вазорати сайёҳии Миср дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт, ки ин бозёфт дар қабристони асосии аҳолии шаҳри Мемфис – пойтахти Мисри Қадим пайдо шудааст. Ин маҳал ҳоло дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ки саркофагҳои чӯбӣ дар умқи 11 метр ҷойгир будаанд.
Олимон ин бозёфтҳоро кашфиёти бузургтарини таърих номиданд.
Дар паҳлӯи саркофагҳо, ки аз рӯзи дафн то ба имрӯз боз нашудаанд, артефактҳои ороишёфта низ пайдо шуданд.
Олимон ҳоло мехоҳанд тадқиқи бештари ҳудуди ин қабристонро оғоз кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ