Форуми бузурги тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Форуми бузурги тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

  • Post category:Ҷаҳон

Дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Душанбе баргузир мегардад, иштироки зиёда аз 700 нафар намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, хабар дод сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.
Тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили амалсозии лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноату савдо ва сайёҳӣ баррасӣ мекунанд.
Соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе 16 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки дар онҳо созишномаҳо оид ба воридоту содироти дуҷонибаи молу маҳсулот ба миллионҳо маблағ пешбинӣ гардида буд.
Манбаъ изҳори итминон кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои форуми кунунӣ низ қарордодҳои бисёрмиллионӣ ба имзо мерасанд.
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ