Дар ноҳияҳои Пешкӯ ва Ғиҷдувони Бухоро нерӯгоҳҳои бодӣ сохта мешаванд

Дар ноҳияҳои Пешкӯ ва Ғиҷдувони Бухоро нерӯгоҳҳои бодӣ сохта мешаванд

  • Post category:Ҷамъият


Ширкати саъудии АCWA Power дар ноҳияҳои Пешкӯ ва Ғиҷдувони вилояти Бухоро ду нерӯгоҳи бодӣ месозад. Қувваи умумии нерӯгоҳҳо 1 000 мегаватт хоҳад буд.
Бино ба хабари маркази матбуотии вазорати энергетика, дар ҳоли ҳозир дар ин ноҳияҳо барои омӯхтани нерӯи бод 10 сутуни метеорологӣ гузошта шуд ва 8-то сутуни дигар акнун гузошта мешавад.
Мутахассисон моҳи август омӯзиши нерӯи бодро оғоз карданд ва ин ҷараён 12 моҳ идома меёбад.
Арзиши умумии лоиҳаи ин ду нерӯгоҳ 1 миллиард доллар мебошад ва комилан бар асоси сармоягузории хориҷӣ сохта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ