Навалний баъди 32 рӯз бемористони “Шарите”-и Берлинро тарк кард

Навалний баъди 32 рӯз бемористони “Шарите”-и Берлинро тарк кард

  • Post category:Саломатӣ


Бемористони “Шарите”-и пойтахти Олмон хабар дод, ки Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия муассисаи тиббиро тарк кардааст. Навалний 32 рӯз дар ин бемористон буд.
Ба гуфтаи мутахассисон, вазъи саломатии Навалний ба он ҳадде беҳ шудааст, ки дигар ӯ эҳтиёҷи дар бемористон нишастанро надорад. Бо ин ҳама, онҳо таъкид кардаанд, ки дар оянда низ эҳтимоли зоҳир шудани ягон таъсири дигари заҳр вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки Алексей Навалний рӯзи 20 август дар дохили ҳавопаймое, ки аз Томск ба Маскав парвоз мекард, беҳуш шуд. Дар натиҷа, ҳавопаймо фаврӣ дар Омск фурӯд омад ва Навалнийро ба бемористони маҳаллӣ бурданд. Наздикони Навалний хабар доданд, ки ӯ заҳролуд шудааст. Вале шифокорони Омск ин хабарро рад карданд.
Баъди ду рӯз Навалнийро ба бемористони Олмон бурданд. Мутахассисони бемористони “Шарите” таъкид карданд, ки дар бадани Навалний нишонаҳои заҳр кашф шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ