Ҳаҷми қарзи хориҷии Ӯзбекистон чӣ қадар аст?


Қарзҳои хориҷии Ӯзбекистон дар нимаи аввали соли равон 12,7 дарсад, ё 3,1 миллиард доллар афзоиш ёфт ва ба 27,6 миллиард доллар расид.
Қарзҳои хориҷии Ӯзбекистон қисман давлатӣ ва қисман хусусӣ аст.
Дар нимсолаи аввал қарзи хориҷи давлатӣ 1,7 миллиард доллар зиёд шуд. Ҳаҷми қарзи хориҷии бахши хусусӣ 1,4 миллиард доллар афзоиш ёфт.
Бино ба хабари Бонки марказӣ, сабаби асосии афзоиши қарзҳои хориҷӣ ин аст, ки Ӯзбекистон барои кам кардани таъсирҳову пайомади манфии пандемияи коронавирус, рушди минтақаҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ қарзҳои нав ҷалб кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ