Бонувони Самарқанд дар 8 моҳ 183 ҷиноят содир карданд

Бонувони Самарқанд дар 8 моҳ 183 ҷиноят содир карданд

  • Post category:Ҷамъият


Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар вилояти Самарқанд занону духтарон 183 ҷиноят содир карданд. Дар ин ҷиноятҳо 198 нафар бону иштирок карданд. Дар ин бора маркази матбуотии шӯъбаи корҳои дохилии вилоят хабар дод.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳолатҳои ҷинояти вазнин ва хеле вазнин аз сӯи бонувон дар вилоят зиёд мегардад. Корҳои плофилактикӣ бо бонувоне, ки эҳтимоли сар задани ҷиноят аз онҳо вуҷуд дорад, бесамар анҷом меёбанд. Масъулон муаммоҳоеро, ки боиси ҷинояти бонувон мегардад, меомӯзанд, вале ин муаммоҳо сари вақт ҳалли худро намеёбанд.
Ҳамчунин, дар 8 моҳи гузаштаи сол 86 нафар зану духтар дар ҳодисаҳои ҷиноӣ осеб дидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ