Путин: Ваксинаи дувуми Русия низ ба зудӣ дастрас мешавад


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия эълон кард, ки ба зудӣ дувумин ваксинаи зидди коронавируси ин кишвар дар феҳристи давлатӣ сабтином (регистратсия) мешавад. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Денис Мантуров, вазири саноат ва тиҷорати Русия пештар гуфта буд, ки ширкати “Биокад” дувумин ваксинаро истеҳсол мекунад.
Рӯзи гузашта Роспотребнадзор хабар дод, ки сабтиноми ваксинаи дувум – “ЭпиВакКорона” то 15 октябр анҷом хоҳад ёфт. Баъди сабтиноми ваксина озмоиши клиникии он баргузор мешавад. Дар озмоиш онҳое, ки синнашон боло аз 60 аст, иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин, ин довталабони пиронсол бояд бемориҳои кӯҳна низ дошта бошанд.
Дар моҳи ноябр истеҳсоли густурдаи ваксина ооғоз хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ