Ҳар сол дар савумин якшанбеи сентябр дар Ӯзбекистон ҳаракати автомобилҳо манъ мешавад

Ҳар сол дар савумин якшанбеи сентябр дар Ӯзбекистон ҳаракати автомобилҳо манъ мешавад

  • Post category:Варзиш


Лоиҳаи қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи рушди спорти оммавӣ ва чораву тадбирҳо барои дохил кардани шуғли доимии спорт ба зиндагии аҳолӣ” эълон шуд.
Бар асоси лоиҳаи қонун ҳамасола савумин якшанбеи моҳи сентябр ба муносибати “Рӯзи байналмилалии бе автомобил” дар Ӯзбекистон “Рӯзи бе автомобил” эълон мешавад ва дар ин рӯз ҳаракати автомобилҳо қатъ мегардад. Аммо ҳаракати таксиҳо, дигар автомобилҳои хидматрасонӣ, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, автомобилҳои ҳамлу нақли умумӣ дар ин рӯз мустасно мебошад.
Ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо ва Шӯрои вазирони ҷумҳурии Қорақалпоқистон, муассисаву идораҳо баргузории тадбирҳои дар “Рӯзи бе автомобил”-ро таъмин мекунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ дар тадбирҳои ин рӯз амнияти ҷомеа ва бехатарии ҳаракати роҳро таъмин мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ