Шавкат Мирзиёев дар 75-умин маҷлиси Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ кард

Чанд пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон дар Созмони Милали Муттаҳид:

▫️Таҳияи ҳуҷҷат дар бораи ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо ҳангоми пандемия;
▫️Таҳияи қарори махсус оид ба баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар расидан ба мақсадҳои устувор;
▫️Кушодани маркази минтақавии рушди нақлиёт ва коммуникатсия дар Осиёи Марказӣ;
▫️Барои хотима додан ба камбизоатӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баргузор кардан;
▫️ Таъсиси кумитаи доимӣ дар СММ барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон;
▫️Барои қабули қарори махсус минтақаи Аралро минтақаи инноватсия ва технологияи экологӣ эълон намуда, санаи тасдиқи ҳуҷҷатро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифз ва барқарорсозии системаҳои экологӣ ҷашн гирифтан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ