Автомобилҳои аҳолии кадом вилоят бештар?

Автомобилҳои аҳолии кадом вилоят бештар?

  • Post category:Ҷамъият


Дар оғози соли ҷорӣ шумори умумии автомобилҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон 2 миллиону 580 ҳазору 133-то буд. Дар ин бора кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон хабар дод.
Аз ҷумла, аҳолии Ӯзбекистон 2 410 421 дона мошини сабукрав, 150 294 дона мошини боркаш, 5 072 дона автобус, 10 590 дона микроавтобус ва 3 756 дона автомобилҳои махсус доранд.
Дар миёни вилоятҳо аҳолии Самарқанд соҳибони бештарин автомобил ҳастанд. Аҳолии вилояти мо 311 997 дона автомобил доранд. Аҳолии вилояти Тошканд соҳиби 253 073 дона автомобил ва аҳолии Фарғона дорои 243 230 дона автомобил мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ