Дар ИМА мактаби ӯзбекзабон кушода шуд

Дар ИМА мактаби ӯзбекзабон кушода шуд

  • Post category:Ҷамъият

Дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк маросими кушоиши мактаби ӯзбекии Ziyo Art баргузор шуд, хабар медиҳад UzDaily рӯзи 23-юми сентябр.
Маросими кушоиши он 19-уми сентябри соли 2020 баргузор гардид. Чорабиниро Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Ню-Йорк дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Mahalla — и ИМА ташкил кардааст.
Мактаб рӯзҳои шанбе ва якшанбе кор мекунад. Донишҷӯён «Забон ва адабиёти ӯзбек», «Этика», «Санъати тасвирӣ», «Шоҳмот» ва «Математика» -ро меомӯзанд. Ҳама дарсҳо бо забони ӯзбекӣ гузаронида мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ