Арабистони Саъудӣ қабули зоирони Маккаву Мадинаро оғоз мекунад

Арабистони Саъудӣ қабули зоирони Маккаву Мадинаро оғоз мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Арабистони Саъудӣ аз 4 октябр қабули зоиронро барои адои ҳаҷҷи асғар – “умра” оғоз мекунад. Дар ин бора “Ал Ҷазира” хабар дод.
Дар марҳилаи аввалин ба 6 ҳазор нафар зоир барои умра иҷозат дода мешавад, ки инҳо шаҳрвандон ва сокинони Арабистон мебошанд.
Аз 1 ноябр кишварҳое, ки аз ҷиҳати эпидемиологӣ мансуб ба тоифаи “бехатар” ҳастанд, метавонанд шаҳрвандони худро ба зиёрати Маккаву Мадина фиристанд.
1 ноябрдан бошлаб хавфсиз деб ҳисобланган мамлакатлар фуқароларига ҳам Саудия Арабистонига зиёрат мақсадида келишига рухсат берилади.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саъудӣ дар моҳи март ба далели пандемия робитаҳои ҳавоиро бо кишварҳои ҷаҳон қатъ карда буд. Дар моҳи июн зиёрати имсолаи Ҳаҷҷи акбар бекор карда шуд.
Бино ба маълумоти охирин, дар Арабистони Саъудӣ шумори мубталоёни коронавирус 331,3 ҳазор нафар буда, беш аз 4,5 ҳазор нафар қурбони вирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ