Отабеков: “Агар бадтар кардани вазъиятро идома диҳем, ҳукумат метавонад маҳдидиятҳоро ҷорӣ кунад”


Нурмат Отабеков, узви ситоди мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар вазъияти эпидемиологӣ бад шавад, аз нав ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо низ мумкин аст. Дар ин бора Регнум хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, вақтҳои охир дар Ӯзбекистон ҳамарӯза ҳудуди 600 нафар ҳолати нави сирояти коронавирус сабт мешавад. Ӯ таъкид кард, ки ин ҳолат вобаста ба риоя накардан ба талабҳои санитарӣ мебошад.
Отабеков гуфт, “Агар мо бадтар кардани вазъиятро идома диҳем, ҳукумат метавонад чандин маҳдудиятро ҷорӣ кунад”. Ӯ хотиррасон кард, ки ниқобпӯшӣ ва фосилаи иҷтимоӣ зарур аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ