Канада низ оғози мавҷи дувуми коронавирусро эълон кард

Канада низ оғози мавҷи дувуми коронавирусро эълон кард

  • Post category:Ҷаҳон


Мавҷи дувуми пандемияи коронавирус ба Канада низ расид. Ҷастин Трудо, сарвазири Канада дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар дар ин бора эълон кард.
Ӯ гуфт, “Мавҷи дувум ҳамин лаҳзаҳо оғоз нашуд, балки идома дорад. Рақамҳо инро хуб нишон медиҳанд. Вақте, ки мо рӯзи 13 март дар кишвар карантин эълон кардем, дар як рӯз 47 ҳолати сироят сабт шуда буд. Рӯзи гузашта ин шумор беш аз 1000-то буд. Шояд вазъияти ин тирамоҳ дар муқоиса бо баҳор хеле бадтар гардад”.
Аз оғози моҳи сентябр дар Канада паҳншавии коронавирус суръат гирифт. Ҳафтае пеш дар як рӯз беш аз 1000 нафар мубталои коронавирус шуданд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози моҳ шумори сирояти шабонарӯзӣ аз 400 бештар набуд.
Ҷастин Трудо аз мардуми Канада дархост кард, ки ба қоидаҳои оддӣ – ниқобпӯшӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва эмкунӣ бар зиддӣ грипп риоя кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ