Ӯзбекистон аз ҷиҳати захираи уран 10-умин кишвари ҷаҳон аст


Ӯзбекистон аз ҷиҳати истеҳсоли уран 5-умин ва аз ҷиҳати захираи он 10-умин кишвари ҷаҳон мебошад.
Нурмат Ҷулибеков, сармудири Комбинати кон-металлургияи Навоӣ ин маълумотро ба маҷаллаи “Экономическое обозрение” тақдим кард.
Соли 2019 ҳаҷми захираи ҷаҳонии уран 6,14 миллион тонна арзёбӣ шуд. 29,6 дарсади захираи уран дар Австралия, 13,7 дарсад дар Қазоқистон ва 8,4 дарсади он дар Канада мебошад. Русия, Намибия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чин, Нигерия, Бразилия ва Ӯзбекистон дар паллаҳои баъдӣ ҷойгир мебошанд. Ҳаҷми захираҳои уран 139,2 ҳазор тонна мебошад.
Ӯзбекистон ҳамасола беш аз 3 ҳазор тонна истеҳсол мекунад. Аз ҷумла, соли 2018 дар кишвар 3445 тонна уран истеҳсол шуд.
Ӯзбекистон урани худро комилан ба кишварҳои хориҷа мефурӯшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ