ФАЙЗИ РӮЗГОРАМ КУ?

ФАЙЗИ РӮЗГОРАМ КУ?

  • Post category:Маориф

Дареғо, модари ҷонам,
Ба дидори ту пазмонам.
Пас аз чандин шикебоиву раҳпоӣ
Ба қалби чоку бирён омадам пешат,
Нигар, чун тифл гирён омадам пешат.
Азизи дил ҳамон ҳавлӣ, ҳамон хона,
Ҳамон айвону кошона,
Валекин аз кӣ пурсам: дилфигорам ку?
Чаро холист ҷояш, хоксорам ку?
Ҷаҳонам, давлати сар, бурдборам ку?
Тароватбахшу файзи рӯзгорам ку?
Фариштахислат он омӯзгорам ку?
Қарорам ку, баҳорам ку, барорам ку?
Дуогӯйи ману чашминтизорам ку?
Ба гаҳвора зи лафзи поку ширинат,
Зи маъниҳои рангинат,
Ба дунёи сухан раҳ ёфтам, модар.
Ба он лафзи гувороят,
Ки бар ман «Алла» мегуфтӣ ба сад уммед,
Чи ҳол аст ин,
ки ман имрӯз баҳри ту рисо* гӯям?
Ду ҳарфе норасо гӯям,
Умеди ман зи фарзандӣ магар ин буд?
Дар ин ҷо бе ту, ҷон модар,
Чӣ корам ҳаст дигар?
Чӣ гум кардам дар дунёи дудар?
Чу рӯ бар Каъба овардӣ,
Ниёзу тавба овардӣ,
Сано гуфтӣ ба даргоҳи Худо аз ҷон.
Набинад то зи ту кас заррае озор,
Накардӣ ошкоро дарду ранҷи худ,
Ба мо омӯхтӣ сабру шикебоӣ, тавозӯъро.
Ба ёди мо чу ғам хӯрдӣ,
Диле ҳаргиз наёзурдӣ.
Ниҳон кардӣ ту дардат гарчи афсурдӣ.
Ба ёди ормонҳоят
Ба ҷо орам таманноят,
Чу насли покат астам ҷонфидо умре.
Аё онон, ки ғам доред,
Ғамонро ғам набишморед,
Чӣ бошад ғусса, аз бемодарон пурсед.
Дареғо, будаам ғофил,
Ки зад он тири заҳролуди ғам бар дил,
Надонистам,
Ки будаст ин қадар бемодарӣ мушкил.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ