Дар нашриёти «TURON-LABOC» (Тошканд) «Насиҳат ба фарзанд» ном китоби адиб ва публитсисти маъруф устод Нусрат Раҳмат аз чоп баромад.

Дар нашриёти «TURON-LABOC» (Тошканд) «Насиҳат ба фарзанд» ном китоби адиб ва публитсисти маъруф устод Нусрат Раҳмат аз чоп баромад.

  • Post category:Маориф


Бояд таъкид намуд, ки асари мазкур ҳафт маротиба ба забони ӯзбекӣ аз нашр баромадаасту бори нахуст
ба тоҷикӣ нашр мешавад. Мо бо муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода барои табрик ба ҳавлии муаллиф рафтем.
Баробари ба эҷодхонаи ӯ ворид гаштан ҳамсараш дар рӯйи миз дастархон густурда, онро бо нозу неъмати боғ пур сохт.
Сӯҳбат қаймоқ баст. Баҳсу мулоҳиза оиди адабиёт ва китоби тозанашри адиб тафсид.
– Воқеан, асари банда «Насиҳат ба фарзанд» бо маслиҳати дӯстон, бо таҳриру илова ба забони модарии ман чоп шуд, – гуфт муаллиф, – ният дорам, ки боз ба забони тоҷикӣ ягон чиз эҷод намоям.
– Устод, шумо беш аз 20 асар навиштед, бароятон аз ҳамаи онҳо кадом пурқадртар аст?
– Китоб ҳам мисли фарзанд мебошад–бо
табассуми малеҳ посух дод мусоҳиби мо. –Неку бадаш нест. Охир «гар сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад» гуфтаанд.
– Адиб кист ва нависандагӣ чист?
– Эҷодкор шахсест, ки ҳаётро бо рангу
таровати хосса инъикос мекунад. Барои аҳли қалам коғазро сиёҳ кардан амали ниҳоят лаззатбахш аст.
– Нақшаҳои ояндаи Шумо?
– Бо умед эҷод карда истодаам. Биёед,
пеш аз пода чанг накунем. Худо ба аҷал амон
диҳад, мухлисонро бо китобҳои нав хурсанд хоҳем кард. Дар китоби «Насиҳат ба фарзанд» Нусрат Раҳмат анъанаи насиҳатноманависиро идо-
ма дода, бо мисолҳои ҳаётии имрӯза ҷавононро ба покизарӯзгорию ростқавлӣ даъват мекунад. «Дар бораи дониш андӯхтан, ҳунар омӯхтан ва соҳиби заковат шудан», «Дар бо-
раи меҳри падару модар ва вазифаи фарзандон», «Андар сухандонӣ, хушбахтӣ ва эҳтиром ба миллат» барин мавзӯъҳои муҳиме,
ки дар китоб ҷой гирифтаанд, барои тарбияи насли наврас дастури ҳаётист.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ