Дар Италия нишонаи яке аз неандерталҳои охиринро пайдо карданд

Дар Италия нишонаи яке аз неандерталҳои охиринро пайдо карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Гурӯҳи олимон ҳангоми кофтуков дар теппаҳои Беричии минтақаи Венетои Италия дандони одами даври қадимро пайдо карданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки ин дандони неандертал буд, на дандони Homo sapiens. Дар ин бора маҷаллаи Journal of Human Evolution навишт.
Соҳиби дандон 45-48 ҳазор сол пеш умр ба сар бурдааст. Тақрибан дар ҳамон замон неандерталҳои Аврупо несту нобуд шуданд ва яке аз неандерталҳои охирин ин дандонро ба мо “мерос” гузоштааст.
Олимон гуфтанд, ки ин дандони шир охирин бозёфт дар Италияи Шимолӣ аз даври неандерталҳо мебошад.
Гуфта мешавад, ки соҳиби дандони шир бачаи 11-12-сола будааст. Ӯ аз гурӯҳи неандерталҳое мебошад, ки дар замини имрӯзаи Белгия зиндагонӣ кардааст.
Муаллифони тадқиқот мегӯянд, ки дар он замон дар қаламрави имрӯзаи Болгария гурӯҳҳои Homo sapiens умр ба сар мебурданд. Дар ҷойи кофтуков асбоби кории неандеталҳо низ пайдо шудааст. Ба гуфтаи олимон, бозёфтҳои олимон барои муайян кардани сабаби нобуд шудани неандерталҳо ёрӣ медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ