Ба вилояти Фарғона ҳокими нав таъин гардид

Ба вилояти Фарғона ҳокими нав таъин гардид


Имрӯз бо иштироки фаъолони вилоят ва роҳбари Администратсияи Президенти Ӯзбекистон Зайнулобиддин Низомиддинов ва Сарвазир Абдулла Арипов ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъалаҳои ташкилӣ дида баромада, ба муносибати ба вазифаи дигар гузаштани ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев аз вазифааш сабукдӯш карда шуд.
Бо фармони Президент Бозоров Хайрулло Ҳайитбоевич, ки то имрӯз вазифаи ҳокими вилояти Намангонро ба дӯш дошт, ба вазифаи иҷрочии ҳокими вилояти Фарғона таъин карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ