То 1 августи 2021 дар саросари Ӯзбекистон ҳисобкунакҳои автоматикӣ насб мегарданд

То 1 августи 2021 дар саросари Ӯзбекистон ҳисобкунакҳои автоматикӣ насб мегарданд


Қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои лоиҳаи “Ҷорӣ кардани системаи автоматикии назорат ва ҳисоби гази табиӣ” қабул шуд. Дар ин бора qalampir.uz хабар дод.
Бар асоси ин қонун то 1 августи соли 2021 дар саросари Ӯзбекистон ҳисобкунанкҳои автоматикии гази табиӣ насб мегардад.
Дар оғоз то 1 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Қибрай, Зангиота ва Тошканди вилояти Тошканд бо ҳисобкунакҳои системаи автоматикии ҳисоб ва назорати газ ҷорӣ мегардад.
Дар марҳилаи дувум, ки то 1 феврали соли 2021 идома меёбад, ин система дар ноҳияҳои Ўрта Чирчиқ, Чиноз, Юқори Чирчиқ, Янгийўл, Кармана ва шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон, Бухоро, Гулистон, Ҷиззах, Намангон, Нукус, Самарқанд, Термиз, Урганч, Қарши, Каттақўрғон, Қўқанд ва Марғилон ҷорӣ мешавад.
Дар марҳилаи савум дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба ин система пайваст мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ