Асал баданро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад

Асал баданро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад

  • Post category:Саломатӣ


Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми занбӯри асал дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қиёмаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш тамоман набошад, онро бо ангушт бардоранд, тор бандад – ин навъаш барои шифо беҳтар аст; баъд аз он сафеди наботрангаш бо сифатҳои номбурда бошад, мақом дорад. Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамоҳӣ аст, вале зимистониаш бадтарини навъҳои он мебошад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида ва таъми талхӣ пайдо карда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи онро бисёр бихӯранд, девона мекунад.
Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол нигоҳ дошташудаи он дар дараҷаи дуввум хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: асалро бихӯранд, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва даҳани рагҳоро мекушояд; балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд ва инчунин онҳоро аз бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз мия хориҷ мекунад; суст ва нотавон шудани аъзо, истисқо (водянка), зардпарвин, иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, дард ва варами рӯдаҳои борик ва захҳои сардмизоҷро дафъ мегардонад; санги гурда ва хичак (пешобдон)-ро майда карда мерезонад.
Асал барои одамони сардмизоҷ ва балғамимизоҷ дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида дорад, вале барои одамони гарммизоҷ, мизоҷи хушкдошта ва инчунин дар фаслҳои гармо бихӯранд, зарар мекунад. Гарммизоҷонро дарди сар медиҳад. Агар онҳо бисёр бихӯранд, зуд ба хилти сафро, ки аз ҷиҳати мизоҷ гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи гарммизоҷро нохуш месозад, қай меоварад, ба бемориҳои сафровӣ ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии бисёр ба вуҷуд меоварад. Давои ин зарарҳояш оби анори турш, оби лимӯ, сирко, кашниз ва шарюати меваҳои турш нӯшидан аст.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз асал то 68 грамм аст. Асале, ки занбӯраш ба гиёҳи талхшувоқ нишаста бошад, таъмаш талх мешавад ва барои бемориҳои меъда, ҷигар, кушодани гиреҳҳо ва агар занбӯраш ба гиёҳи қоқутӣ нишаста бошад, онро бардавом бихӯранд, барои одамони тармизоҷ, сардмизоҷ ва бемориҳои балғамии сард фоида мебахшад.           
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ