Дар муассисаву идораҳои давлатӣ лавозими “Тарғибкунандаи варзиш” ҷорӣ мегардад


Лоиҳаи қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон – “Дар бораи рушди варзиши оммавӣ ва чораву тадбирҳо барои ворид кардани тарзи солими зиндагӣ ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд” эълон шуд.
Бар асоси ин қонун аз 1 январи соли 2021 дар идораву муассисаҳои давлатӣ лавозими нави “Тарғибкунандаи варзиш” ҷорӣ мегардад. Тарғибкунандаи варзиш дар идораву муассисаҳо тарзи зиндагии солим ва варзиши оммавиро тарғибу ташвиқ мекунад.
Ба музди моҳонаи корманде, ки вазифаи “Тарғибкунандаи варзиш”-ро бар дӯши худ мегирад, 30 дарсад пули иловагӣ ҳамроҳ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ