4 роҳи эҳтимолии идомаи паҳншавии коронавирус дар 5 соли оянда

4 роҳи эҳтимолии идомаи паҳншавии коронавирус дар 5 соли оянда


Олимони донишгоҳи Принстони ИМА 4 самти эҳтимолии идомаи паҳншавии коронавирусро дар 5 соли оянда пешбинӣ карданд.
Ба назари мутахассисон, идомаи паҳншавии COVID-19 асосан ба ҳосилшавӣ ва барқарории иммунитети табиӣ ва ҳосилшуда аз ваксина вобаста аст.
Ба навиштаи “Science”, дар ду сенарийи аввал паҳншавии коронавирус бе ваксина пешбинӣ шудааст. Ба фикри олимон, дар чунин вазъият иммунитети табиӣ зудтар идома меёбад ва дар натиҷа эҳтимоли паҳншавии минбаъдаи коронавирус камтар мегардад.
Дар ду сенарийи баъдӣ ваксина нақши муҳим мебозад ва он паҳншавии коронавирусро ба таъхир меандозад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ