Себқоқро бо оби анор хӯранд…

Себқоқро бо оби анор хӯранд…

  • Post category:Саломатӣ


Мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст; мизоҷи турши он дар аввали дуввум сард ва хушк; мизоҷи себи майхуш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар якум хушк мебошад. Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахти себ сард ва хушк аст. Барг ва меваи он қуввати тарёқӣ дорад.
Дар айни замон бисёр навъҳои себ мавҷуданд. Навъҳои гуногун аз ранг ва шакли мева, инчунин хушбӯйӣ ва маза аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Дарахти себ аз 5 то 12 метр қад мекашад. Дар таркиби себ микроэлементи Fe (оҳан) ва дигар моддаҳои ба организми инсон фоиданок мавҷуд аст. Себ сурху сафеду кабуд ва ширину турш мешавад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои меваашро бихӯранд, фараҳ мебахшад; дил, майна ва ҷигарро бақувват мекунад, инчунин бӯйидани он ҳам чунин хислатҳоро дорост. Хӯрдани себ барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафаскашӣ дору мешавад; сари меъдаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда занад, инчунин иштиҳоро мекушояд.
Агар себи туршро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба ҳарорати баланд гирифтор мекунад, шикамро пурбод месозад, иллати беҳаракат мондани узвро ба амал меорад, мушакҳоро ба дард меоварад, ларзак мекунад. Дар ин ҳолатҳо дорчинӣ хӯрдан даркор аст, то ки зиёни он ислоҳ шавад.
Себқоқро кӯфта, бо оби анор бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, исҳоли сафровиро мебандад ва қайро таскин медиҳад.
Таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ