Дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон тирпарронӣ сар шуд

Имрӯз, 27-уми сентябр, соати 06:00 ба вақти Боку, нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон иғвогариро оғоз карданд ва дар тамоми хатти артиши Озарбойҷон ҳамлаи мусаллаҳона ба вуҷуд оварданд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар медиҳад. Тибқи гузориши расмӣ, Ереван ба мавқеъҳои артиши Озарбойҷон дар тамоми хатти ҷабҳа ва нуқтаҳои аҳолинишин дар минтақаи марзӣ бо силоҳҳои калибри калон, миномётҳо ва снарядҳои артиллерии калибрҳои гуногун шадидан оташ кушодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ