Ҷанги Арманистону Озарбойҷон дубора оғоз шуд?


Дар Арманистон ва Ҷумҳурии худхондаи Кӯҳистони Қаробоғ вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ шуд. Ҳамчунин барои мардони синни 18 ва боло аз он сафарбаркунии умумӣ эълон гардид. Сабаби ин тезу тунд шудани вазъият дар марзи Озарбойҷон мебошад.
Субҳи имрӯз Арманистон хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон маҳалҳои мардумнишини Кӯҳистони Қаробоғро, аз ҷумла, пойтахт — Степанакертро бомбборон карданд.
Дар зимн, Озарбойҷон эълон кард, ки ба ҳаракати ҳарбии Арманистон посух медиҳад ва вазъиятро назорат мекунад.
Ҷалол Арутунян, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Кӯҳистони Қаробоғ маълум кард, ки дар ин низоҳо 3 танк ва чанд сарбози Озарбойҷон аз байн бурда шудааст. Вале вазорати мудофиаи Озарбойҷон ин хабарро рад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ