Шифоёбӣ аз COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 94 дарсад расид


Рӯзи 27 сентябр дар саросари Ӯзбекистон 448 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуд. Шумори умумии беморон ба 55 401 нафар расид.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 5 нафар бемор вафот кард ва ҳоло шумори умумии қурбониён 459 нафар аст.
Дар ин рӯз 507 нафар бемор сиҳат шуданд ва омори (статистика) шифоёбӣ ба 94 дарсад расид.
Ҳоло дар бемористонҳо 2 977 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъи саломатии 725 нафар вазнин ва 299 нафар хеле вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ