Шӯрои нави миллии вобаста ба Девони Вазирон таъсис меёбад


Бар асоси лоиҳаи қарори раисҷумҳур – “Чораву тадбирҳо барои рушди варзиши оммавӣ ва ворид кардани тарзи зиндагии солим ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд” шӯрои нави миллӣ таъсис меёбад. Ин шӯро вобаста ба Девони Вазирон буда – Шӯрои миллии саломатии халқ ном дорад.
Мақсад аз таъсиси шӯро боло бурдани самарбахшии корҳои урфсозии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар миёни аҳолӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии шӯро ба роҳ андохтани ҳамкории миёни муассисаву ҳокимиятҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, назорати иҷрои вазифаҳо ва таҳлили иҷрои сиёсати давлатӣ дар ин соҳа мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ