Ҳаҷҷи Умра аз 4 октябр оғоз мешавад


Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ эълон кард, ки барои Ҳаҷҷи Умра қабули аризаҳо оғоз мешавад. Хосторон метавонанд аз тариқи барномаи мобилии “Eatmarna” аризаи электронии худро тақдим кунанд.
Гуфта мешавад, ки зиёрати Ҳаҷҷи Умра аз 4 октябр марҳила ба марҳила ба роҳ андохта мешавад.
Дар оғоз ба шаҳрвандону хориҷиёне, ки дар дохили Арабистони Саъудӣ ҳастанд барои адои ҳаҷҷи асғар иҷозат дода мешавад. Аз моҳи ноябр хориҷиён метавонанд ба зиёрати Маккаву Мадина сафар кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ