Пагоҳ дар Душанбе Форуми бузурги тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор мегардад

Пагоҳ дар Душанбе Форуми бузурги тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор мегардад

  • Post category:Ҷаҳон

Дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, аз иштироки зиёда аз 700 нафар намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон интизорӣ меравад, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.
Тоҷирону соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон масоили амалсиозии лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноату савдо ва сайёҳӣ баррасӣ мекунанд.
Соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Душанбе 16 санад ба имзо расид, ки дар онҳо созишномаҳо оид ба воридоту содироти дуҷонибаи молу маҳсулот ба миллионҳо маблағ пешбинӣ гардида буд.
Манбаъ изҳори итминон кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои форуми кунунӣ низ қарордодҳои бисёрмиллионӣ ба имзо мерасанд.
Форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 28-29 сентябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб 3,6 баробар афзуд: аз 13 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.
Лекин пандемияи коронавирус ба коҳиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо боис гардид.
Дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 ҳаҷми муомилоти мол байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон 11,3% кам шуд. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни кишварҳо дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 148,4 млн долларро ташкил дод.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ