Ӯзбекистон ба Тоҷикистон чӣ қадар кӯмаки башардӯстона фиристод?

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон чӣ қадар кӯмаки башардӯстона фиристод?

  • Post category:Ҷаҳон

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 33,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 14 ҳазор тонна аз 54 кишвари ҷаҳон расидааст.
Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (41,3% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (12,3%), Туркия (11,7%), Ҳиндустон (9,4%), Қазоқистон (5,5%), Русия (4,2%), Дания (2,3%), Нидерланд (1,6%), ИМА (1,3%), Белгия (1,2%), Олмон (0,9%), Кореяи Ҷанубӣ (0,8%) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ