Ӯзбекистон нахустин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавирус вориди дорухонаҳояш шуд

Ӯзбекистон нахустин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавирус вориди дорухонаҳояш шуд

Ӯзбекистон нахустин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавируси “Авифавир”, истеҳсоли Русия вориди дорухонаҳояш шуд. Ҳамчунин қарор аст дар наздиктарин фурсат то 35 миллион воя воксани “Спутник V» ба кишвари мо ворид карда шавад.
Бино ба иттилои podrobno.uz доруи “Авифавир» инчунин ба кишварҳои Белорус, Боливия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон низ интиқол гардидааст.
Ҳамзамон Фонди сармоягузории мустақими Русия ва “Химрар” тасмим гирифтанд, ки доруи зидди коронавирус «Авифавир» ба 17 кишвари дигар низ интиқол дода шавад.
Тибқи маълумот, ин доруи зидди Covid-19 ба Аргентина, Булғористон, Бразилия, Чили, Колумбия, Эквадор, Салвадор, Гондурас, Кувайт, Панама, Парагвай, Арабистони Саудӣ, Сербия, Словакия, Африқои Ҷанубӣ, АМА ва Уругвай низ ворид карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2020, “Авифавир” шаҳодатномаи бақайдгирии Вазорати тандурустии Русияро гирифт ва аввалин доруи дар ҷаҳон тавлидшуда барои табобати COVID-19 гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ