Директори ширкати сайёҳии «Orient Voyage» соҳиби нишони сарисинагии “Туризм фидойиси” гардид

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президент Шавкат Мирзиёев аз 13-уми августи соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами 5781 дар асоси қарори Девони Вазирон аз 10-уми июли соли 2020 таҳти рақами 433 нишони сарисинагии “Туризм фидойиси” таъсис ёфт.
Таъсис гардидани нишони сарисинагии “Туризм фидойиси” натиҷаи ислоҳоти сохтори сайёҳӣ мебошад.
Соли ҷорӣ аз вилояти Самарқанд бо ин нишон директори ширкати сайёҳии «Orient Voyage» Сайдаминов Муродулло сарфароз гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ