Аз 16 нафар хатмкунанда як синф 11 нафарашон донишҷӯ шуданд

Аз 16 нафар хатмкунанда як синф 11 нафарашон донишҷӯ шуданд

  • Post category:Иқтисод


Мактаби таълими умумии рақами 19-уми ноҳия Пастдарғом, ки 42 сол боз фаъолият дорад, на он қадар бузург асту мобайни ин солҳо шогирдони зиёди соҳибмаърифатро тарбия намудааст. Аксари онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногун дар хизматанд.
Дар арафаи ҷашни касбии омӯзгорон барои ҷамоаи мактабу маҳалла хушхабари фаромӯшнашудание расид. Омӯзгори ботаҷрибаи ҳамин мактаб Насриддин Набиев аз имтиҳони малака бомуваффақият гузашта, соҳиби тоифаи олӣ гардид.
Хурсандиовараш он аст, аз 16 нафар хатмкунандаи имсолаи мактаб, ки шогирдони устоданд 11 нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Ҳаминро ҳам таъкид кардан бамаврид аст, ки ин шогирдон дар мактаб бо забони тоҷикӣ таҳсил гирифтаанд. 9 нафари онҳо донишҷӯйи факултетҳои ӯзбекӣ шудаанд.
Миҷгона ХОҶАЕВА, омӯзгори мактаби рақами 19-уми ноҳия Пастдарғам

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ