Дар Ӯзбекистон эҳтимоли ба барф мубаддал гаштани борон аст


Мувофиқи маълумоти обу ҳавосанҷии Узгидромет дар тамоми мамлакатамон ҳавои абролуд шуда, дар баъзе вилоятҳо борон меборад. Фақат дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Қорақалпоқистон боронгарӣ намешавад.
Рӯзи 30 -юми сентябр дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах ва Сирдарё борон меборад. Дар қуллаҳои баланди кӯҳӣ эҳтимоли ба барф табдил ёфтани борон пешбинӣ шудааст. 29 -30 -юми сентябр ҳарорати ҳаво 6 -8 дараҷа паст рафта, ҳарорати ҳавои рӯзона 15 -20 дараҷаро ташкил медиҳад.
Санаи 1 -3 октябр дар тамоми мамлакат ҳаво бебориш мешавад. Фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво оҳиста -оҳиста баланд баромада, то 22 -25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ