Дар Самарқанд сохтмони нави Қасри яхӣ ва океанирумдори сайёҳӣ сохта мешавад

Бо мақсади оммавӣ гардонидани салоҳияти сайёҳии Самарқанд дар боғи инноватсионии “FAMILY PARK”-и кӯчаи Нарпай, корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ давом дорад. Дар ҳудуди боғ ба роҳ мондани фаъолияти қасри яхӣ, дӯконҳои савдоӣ, ҷойҳои истироҳатии оилавӣ, маҷмӯаи варзиш, океанариум ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии лойиҳа 57 миллиард сӯмро ташкил мекунад.
Мувофиқи маълумоти Хизмати матбуоти департаменти ривоҷи сайёҳии вилояти Самарқанд, бунёди ин лойиҳа 150 нафарро ба кори доимӣ таъмин месозад. Лойиҳа соли 2021 ба истифода супорида мешавад.
Маркази “FAMILY PARK” на фақат барои аҳолии маҳаллӣ балки барои сайёҳони хориҷӣ низ манзили истироҳатӣ хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ