Варзиш

Манежи мактаб-интернат

ба истифода супорида шуд

Дирӯз бахшида ба истифода супорида шудани манежи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Самарқанд тадбир ба амал омад.
Дар тадбир вакилони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва спорт, ҳокимияти вилоят, мутахасcисони соҳа ва намояндагони Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ, спорт, ҷавонон ва туризми Федератсияи Россия иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки ба таъмири асосии манеж дар асоси барномаи инвеститсионӣ ва буҷаи маҳаллӣ 9 миллиарду 700 миллон сӯм маблағ сарф шудааст.
Дар маросими кушоиш баромадкунгандагон дар бораи эътиборе, ки дар мамлакатамон ба варзиш дода мешавад, корҳое, ки доир ба масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони соҳа, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии иншоотҳои спортӣ амалӣ мегарданд, инчунин вазифаҳое, ки дар назди мутахасисони соҳа истодаанд, маълумот доданд. 
Дар ин манеж доир ба 14 намуди варзиш 600 нафар варзишгарони ҷавон машғулотҳоро оғоз намуданд. 
Дар тадбир ҳокими вилоят Э.Турдимов иштирок ва сухан кард.

Ҳ.ҚУЧҚОРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ