Системаи баҳисобгирии замин ва кадастрҳои давлатӣ

Замин сарвати умумимиллӣ, асоси ҳаёт ва некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон, захираи муҳими табиӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъмини истифодаи оқилона ва самарабахши замин бо мақсадҳои муқарраршуда, ҳифзи замин, пурра ҷорӣ намудани Системаи ягонаи кадастрҳои давлатӣ, ки бо замин пайванди ногусастанӣ доранд, муҳимтарин вазифаҳои давлат мебошанд.
Бо мақсади ба куллӣ такмил додани системаи баҳисобгирии замин ва кадастрҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 7-уми сентябри соли 2020 “Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми пеш бурдани ҳисоби замин ва кадастрҳои давлатӣ” таҳти рақами ФП-6061 имзо гардид.
Мувофиқи фармон:
🔰 Вазифа, функсия ва ваколатҳои зерини Кумитаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ ба Вазорати кишоварзӣ гузаронида шуданд:
👉 пеш бурдани мониторинги заминҳо ва зироати кишоварзӣ;
👉 ҷойгир кардани зироати кишоварзӣ;
👉 назорати давлатӣ аз болои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ;
👉 баҳодиҳӣ ба дараҷаи хок;
👉 муайян кардани арзиши меъёрии заминҳои кишоварзӣ;
👉 баланд бардоштани ҳосилхезии хок;
👉 гузаронидани тадқиқот дар соҳаи хокшиносӣ ва геоботаника.
🏢 Дар пойгоҳи Кумитаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ Агентии оид ба кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъсис дода шуд ва вазифаҳои асосиву самтҳои фаъолияти он муқаррар гардид.
☑️ Аз ҷумла, Агентии кадастр дар соҳаи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул сиёсати ягонаи давлатиро татбиқ менамояд.
🗓 Аз 1-уми октябри соли 2020 қарорҳо, протоколҳои савдоҳои музояда ва тендерҳо, муомилоти нотариалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки пайдоиш, тағйир, бегона, маҳдуд ва қатъ гардидани ҳуқуқ ба қитъаҳои заминро пешбинӣ мекунанд, пас аз бақайдгирии давлатӣ дар Низоми миллии иттилоотии ҷуғрофии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон эътибор пайдо мекунанд.
➡️ Аз 1-уми январи соли 2021 ҳама маълумот дар бораи навъ, контурҳо, ҳудудҳо ва соҳибони ҳуқуқи замин ба геопортали онлайнии Агентии оид ба кадастр ворид карда мешавад.
🌐 Геопортали онлайн ба Системаи миллии иттилоотии ҷуғрофӣ ҳамроҳ карда мешавад.
✅ Баланси замин ва ҳисоботи он, инчунин китоби кадастри заминҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) танҳо дар Системаи иттилооти миллии ҷуғрофӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ